|
Маълумоти мухтасар дар бораи МТМУ №20 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 ба номи Изатулло Гулов таъсис ёфтааст. Соли 2014 дар ин муассиса бинои нав барои 640-нафар хонанда дар як баст, ки зиёда аз 32 кабинету синфхона ва як толори варзиши, як ошхона ва як маҷлисгоҳ иборат мебошад сохта ба истифода дода шудааст. |
|
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и деҳаи Лиҷак дорои кабинети технологияи иттилоотӣ, китобхонаи электронӣ, маркази гирифтани тести электронӣ, сомона ва почтаи электронӣ буда ба тамоми талаботи ҳукумати электронӣ ҷавобгу мебошад. Инчуни муассисаи таълимӣ соли 2019 дар озмуни "Беҳтарин кабинети технологияи иттилоотӣ" бо роҳбарии директори муассиса Холиқов Бахтовар, раиси иттифоқи касаба Ҳалимов Сафарбек ва омӯзгори фанни технологияи иттилоттӣ Каримов Фаридун иштирок варзида дар озмунҳои минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ғолиби озмун шуда сазовори ҷойи аввал ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи дуюм гаштааст.
Просмотров:
61
|
|
Дата:
02.12.2021
|